- ғам
- [غم]а1. дилгирифтагии сахт, ки аз алами дарунӣ пайдо мешавад, ғусса, андӯҳ, хафагӣ, ҳузн: ғаму алам, ғаму андӯҳ, ғаму кулфат, ғаму ғусса; бори ғам вазнинии андӯҳ2. ташвиш3. маҷ. фикр, хаёл; ғам додан а) андӯҳгин кардан; б) ба ташвиш монондан, ташвиш додан; ғам доштан а) андӯҳгин будан; б) парво доштан, ташвиш доштан; ғами касеро доштан дар фикри касе будан, ғами каси дигарро хӯрдан; дар ғами касе (чизе) будан а) дар бораи беҳбудии касе дилсӯзона фикр кардан; б) дар ташвиши чизе будан, дар пайи (пайдо кардани) чизе будан; ғам хӯрдан андӯҳгин шудан, ғамгин гаштан; оқибати чизеро фикр карда хафа (зиқ) шудан; ғами касеро хӯрдан дар бораи некӯаҳволии касе фикр кардан, ғамхорӣ кардан дар ҳаққи касе; ғами чизеро хӯрдан а) дар бораи чизе пешакӣ фикр кардан; б) барои чизе чорабинӣ кардан, чораи чизеро дидан; дар ғам афтодан андӯҳгин шудан, ғуссадор шудан; дар ғами касе афтодан дар фикри касе шудан; ба ғамхории касе банд шудан; кам не, ғам не гуфт. андак-мундак не, начандон кам; хеле зиёд; чӣ ғам дорам ташвише надорам, ҳеҷ парвое надорам; шодам; буз дар ғами ҷон, қассоб дар ғами чарбу (зарб.) ҳар кас дар ғами худ, барои ҳар кас манфиати худаш манзур; шикамҳо сер шуд, ғамҳо дур шуд (мақ.) пас аз сер шудан аз таом дар мавриди шукрона гуфта мешавад; ҷон хонаи мардум, на ғами обу на ғами ҳезум (мақ.) дар бораи касе гуфта мешавад, ки зиёд ба меҳмонӣ меравад
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.